ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Шаҳрдори толибон ахиран гуфт, "дар манотиқи мухталифи Кобул раванди поксозии тасвирҳои ғайришаръии лавҳаҳо, эълонҳо ва лавҳаҳои таблиғотӣ идома дорад", иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай таъкид кардааст, ки таваҷҷуҳ ба арзишҳо ва ҳудуди ахлоқӣ дар ҷомеа бар тамоми мардум воҷиб шумурда мешавад ва лозим аст, то ҳаққи тамоми асноф ва иштиҳороти мардумро дар лавҳаҳои худ риоят кунанд.
Тасвирҳое, ки шаҳрдории толибон дар Кобул мунташир кардаанд, нишон медиҳад, бештари аксҳои занон дар сартарошхонаҳо рангубор шудаанд.
Бо омадани толибон бар сари қудрат ба Афғонистон дар рӯзи 15-уми август онҳо дар манотиқи мухталиф маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кардаанд. Ин гурӯҳ бисёре аз фаъолиятҳоро ғайриисломӣ хондаву мутаваққиф кард.
Аксари маҳдудиятҳое, ки ин гурӯҳ ҷорӣ кардааст, бар зидди занонанд.
Илова бар ин Толибон Вазорати умури занонро аз кобинаи ҳукумати муваққати худ хориҷ карда, ба ҷои он Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро таъсис доданд. Бо таъсиси ин вазорат занон аз ҳаққи кор дар идораҳои мухталифи давлатӣ маҳрум шуданд.