ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Созмонии Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамоно дар тасдиқи ваксинаи сохти Русия таъхиркорӣ мекунад. Намояндаи расмии ин созмон Маргарет Ҳаррис ба хабаргузории RT сабаби то ҳол эътироф нашудани "Спутник V"-ро гуфтааст.
"Сабабҳо: Мо файли техникии ваксинаи "Спутник -V"-ро арзёбӣ мекунем ва мунтазири маълумоти бештар ҳастем. Ин ҷараён ҳамоно идома дорад", - тавзеҳ додааст ӯ.
Ҳаррис иддаҳо дар мавриди он ки ин созмон танҳо ваксинаҳои истеҳсоли Ғарбро мепазирад, рад кард ва аз сабти номи ваксинаҳои Чину Ҳиндустон мисол овард.
Ӯ гуфт, тасдиқи баъзе доруҳое, ки дар Ғарб истеҳсол мегарданд, тӯлонӣ мешавад, зеро барои ин кор маълумоти бештари техникӣ лозим аст.
Дар авоили моҳи октябр вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко гуфта буд, тамоми монеаҳо барои тасдиқи "Спутник V" аз ҷониби СҶБ бартараф шуданд ва ҳоло баъзе расмиёти маъмурӣ боқӣ мондасту халос.
Зимнан раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев қайд кард, ки ӯ дар ду моҳи оянда иҷозаи созмонро интизор аст.
Дар моҳи декабр СҶБ эълон кард, ки як гурӯҳ аз мутахассисон барои арзёбии ваксинаи сохти Русия на пешар аз моҳи январи соли 2022 вориди ин кишвар мешаванд.
Ҳанс Клюге, раҳбари аврупоии ин созмон гуфт, СҶБ метавонад ваксинаи мазкурро дар семоҳаи аввали соли оянда эътироф кунад.