Ҷабборов қасд дорад, табибони муҳоҷирро баргардонад: Тоҷикистон чӣ?

Имсол танҳо аз ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон дастикам 23 корманди тиб ба муҳоҷират рафт. Ҳоло ин ноҳия ба камбуди пизишкон рӯ ба рӯст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов ваъда додааст, ки маоши кормандони бахши тандурустиро боло мебарад ва ба ҳамин усул табибонеро, ки қаблан ба муҳоҷират рафтаанд, бармегардонад. Ӯ аз ин тасмимаш зимни боздид аз бемористони ноҳияи Ҷалолобод хабар дод.

"Албатта, мехоҳам ҳама чизро зуд, дар як лаҳза анҷом диҳам, аммо имрӯз чунин имкон вуҷуд надорад. Дар тӯли 10 соли охир мо ба ақиб рафтем, ҳоло моро мешавад, ба кӯдаке монанд кард, ки нав дар роҳ қадам мезанад, аммо моро ояндаи хуб интизор аст", - ваъда додааст Ҷабборов.

Президент ҳамчунин аз нарасидани кадрҳои тиббӣ, бахусус нарасидани табибони оилавӣ дар деҳот ҳарф зад. Аксари онҳо ба сабаби кам будани маош ба хориҷа рафтаанд.
"Ҳукумат нақша дорад, ки маошро боз ҳам бештар гардонад, то афроди аз Ватан берунрафтаро баргарданд. Соли оянда дар назар аст, ки маоши кормандони бахши буҷавӣ, аз ҷумла табибон афзоиш ёбад", - афзуд ӯ.
Аз Қубодиён 23 корманди тиб ба муҳоҷират рафт: ноҳия ба норасоии табибон рӯ ба рӯст
Дар Тоҷикистон ҳам теъдоди зиёди табибони варзида ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба дигар давлатҳо кӯчиданд.
Танҳо аз ноҳияи Қубодиён 23 корманди тиб ба муҳоҷират рафтааст ва ҳоло ин ноҳия ба камбуди табибон рӯ ба рӯ шудааст.