ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Вазорати дифои Русия аз ирсоли се ҳавопаймои низомии нақлиётӣ бо 36 тонна кумаки башардӯстона ба Афғонистон хабар дод.
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, Сергей Шойгу як гурӯҳи авиатсионии иборат аз се ҳавопаймои низомии ҳомили бастаи кумакии иборат аз маводи ғизоӣ ва доруро ба Афғонистон фиристодааст.
Қаблан низ ҳавопаймоҳои Русия бо кумаки башардӯстона ба Афғонистон ва ҳамзамон барои интиқоли 380 нафар аз ин кишвар дар фурудгоҳи Кобул нишаста буданд.
Бастаи кумакҳои қаблӣ низ иборат аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ буд.
Қаблан Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ва раиси бахши осиёии Вазорати хориҷаи Русия дар бораи имкони додани қарз ба Ҳукумати Афғонистон изҳори назар карда буд.
Ба гуфтаи ин дипломат, агар ин тасмим аз сӯйи раисҷумҳури Русия Владимир Путин қабул шавад, Маскав метавонад ин корро анҷом диҳад.
Кобулов таъкид кард, маҳз Ғарб дороиҳои Афғонистонро мунҷамид кард, аз ин рӯ Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бояд масъулияти эҳёи пасазҷангии Афғонистонро пурра ба дӯш гиранд.
Тасарруфи Афғонистон аз сӯйи толибон дар моҳи август сабаб шуд, ки донорҳо ироаи миллиардҳо доллар кумак ба ин кишварро қатъ кунанд.
Дар ҳамин ҳол СММ ҳушдор медиҳад, дар сурати андешидани чораҳои фаврӣ миллионҳо афғонистонӣ, аз ҷумла кӯдакон, эҳтимол аз гуруснагӣ бимиранд.