ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 58 дарсади аҳолии калонсоли кишвар бар зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, то 15 декабр дар Тоҷикистон 3 миллиону 386 ҳазору 686 нафар бар зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд.
Ин 58,1 фоизи аҳолии калонсол (боло аз 18-сола)-и кишварро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки вояи дуюмро то кунун 2 миллиону 754 ҳазору 739 нафар шаҳрвандони кишвар, яъне 47,3%-и аҳолии калонсол дарёфт кардаанд.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки аз 3 июли соли ҷорӣ нашр шуд, дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Вазорати тандурустӣ тавсия медиҳад, афроде, ки моякӯбӣ нашудаанд, ба пизишки оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ барои дарёфти ваксина муроҷиат кунанд. Бояд гуфт, ваксина ба шаҳрвандони кишвар ройгон пешниҳод мешавад.
То кунун дар чаҳорчӯби механизми COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона ба кишвар тақрибан 6 миллион вояи ваксинаҳои зидди коронавирус ворид шудааст.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.