ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ҳамоиши соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон, ки ахиран дар шаҳри Қуния баргузор шуд, ёддошти ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ширкатҳои “Lik Yapı" (маблағи сармоягузорӣ 2 миллион доллар аст), “Perform Mekanik (бо маблағи 25 миллион доллар) ба имзо расид, иттилоъ додааст Вазорати саноати Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин дар фарҷоми форум Ёддошти тафоҳуми миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Туркия ба имзо расидааст.
Инчунин байни Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд ва Селчук Озтурк, раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Ёддошти тафоҳум имзо шуд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар давраи дуюми форуми мазкур миёни соҳибкорони ҳар ду кишвар гуфтушуниди дуҷониба дар формати B2B - "соҳибкор бо соҳибкор" баргузор гардид.
Дар ин ҳимоиш “дар маҷмуъ даҳҳо ширкатҳои тоҷикӣ имкон доштанд, ба соҳибкорон ва сармоягузорони турк имкониятҳои худро муаррифӣ намоянд ва онҳоро ба бозори Тоҷикистон даъват намоянд”, - таъкид намудааст манбаъ.