Сарпарасти намояндагии доимии Афғонистон дар Созмони Милал муаррифӣ шуд

Носир Аҳмад Фоиқ ба ҷои Ғуломмуҳаммад Исҳоқзай сарпарасти намояндагии доимии Афғонистон дар Созмони Милал шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар пайи нашри гузоришҳо дар бораи истеъфои Ғуломмуҳаммад Исҳоқзай Носир Аҳмад Фоиқ ба унвони сарпарасти намояндагии доимии Афғонистон дар СММ муаррифӣ шуд.
Оқои Фоиқ низ дар паёме дар "Твиттер" ин хабарро таъйид кардааст.
Вай гуфт, ин масъулияти бузургро дар шароити душвор ва ноороме бар дӯш гирифта ва талош хоҳад кард, то садои мардуми Афғонистонро ба кишварҳои узви СММ ва шахсони масъул бирасонад, ки имрӯзҳо аз мизони баланди бекорӣ, гуруснагӣ, фақр, ҳавои сард ва нақзи ҳуқуқи башар азият мекашад.
Талоши толибон барои ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон
"Ин масъулияти бузурги таърихӣ дар ин шароити сахт ва нобасомонро на ба унвони як имтиёз, балки вазифа ва уҳдадории бузурги ватанӣ ба манзури хидмат ба мардуми худ ва таҳқиқи манофеи волои кишвари азизам медонам", - афзуд Фоиқ.
Қаблан Созмони Милали Муттаҳид эълом карда буд, ки Ғуломмуҳаммади Исҳоқозай, намояндаи ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар ин ниҳод инсироф додааст.