ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҷаласа таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ ду қарор дар бораи Ёдгор Файзовро қабул кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии палатаи болоӣ, нахуст қарор дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон Ёдгор Файзов қабул шуд.
Бо қарори дигар Файзов аз мақоми муовини раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд гардид.
Далели бозхонди Файзов барканорияш аз вазифаи раиси ВМКБ арзёбӣ мешавад. Интизор меравад, ки иҷрокунандаи феълии раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот Файзовро дар Маҷлиси миллӣ низ иваз кунад.
Ёдгор Файзови 59-сола якуми октябри соли 2018 ба курсии раҳбари ВМКБ нишаста буд ва ахиран бо фармони президент панҷуми ноябр аз ин мақом рафт.
Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта раиси шаҳри Хоруғ буд, интизор меравад, ки дар пайи пазируфтан ба палатаи болоии парлумон ба мақоми муовини раиси ин палата интихоб шавад.
Маврид ба зикр аст, 25 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мекунанд, ҳашт вакили дигар бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин мешавад.