ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ин мавзуҳо дар дар дидори Аҳтам Абдуллозода, муовини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Иброҳим бин Муҳаммад Ал Абдуллоҳ, сафири Қатар дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар ин мулоқот тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаи варзиш баҳсу баррасӣ шуд.
Сафири Қатар дар суханоне тайи ин дидор ҳамкории ин кишвару Тоҷикистон дар заминаи варзишро мусбат арзёбӣ кард.
Таъкид шудааст, ки дар ин дидор мавзуоте, аз ҷумла сохтмони як маркази варзишӣ дар Душанбе ва баргузории тамриноти муштараки тимҳои миллии ду кишвар дар Қатару Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тарафайн дар бахше аз ин мулоқот ба сохти пойгоҳи варзишӣ барои омӯзиши Варзишкорон дар қаламрави Тоҷикистон ишора карданд.