ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар интихоботи парлумонии соли 2020 вай дар рӯйхати Ҳизби халқии демократӣ нафари 14-ум буд.
Аз дастгоҳи иҷроияи ин ҳизб ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Муҷибахон Ҷавҳарова аз руйхати ҳизбии ҲХДТ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.
“Мавсуф ба ҷойи вакили холишуда ин мандатро ба даст овард. 15 декабри соли равон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мандати вакилиро ба ӯ супурд. Ҳамон рӯз роҳбари ҲХДТ, президенти Тоҷикистон вакили интихобгардидаро дар қатори кадрҳои таъйиншуда ба ҳузур пазируфт”, - гуфтанд дар дастгоҳи иҷроияи ҲХДТ.
Муҷибахон Ҷавҳарова соли 1971 дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси рӯзноманигор аст ва бо чаҳор забон - русӣ, англисӣ балад суҳбат мекунад ва арабиро бо луғат медонад.
Ӯ аз соли 1993 то 2005 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №27-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, то 2010 мудири ҳамин мактаб ва то соли 2014 ҳам сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара будааст.
Аз ҳамон сол то 2020 дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, ёвари мудири кулли ҶСК "Ангишт", муовин, баъдтар мудири филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара таъйин шудааст.
Вазифаи охиринаш мудири бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Исфара будааст.
Мавсуф муаллифи китобҳои "Раҳнамои тарбият", "Зани даруни чашма" ва мураттиби китоби "Диншиносӣ" низ ҳаст.
Муҷибахон Ҷавҳарова 14-умин нафарест, ки аз рӯйхати 22-нафараи ҳизбии ҲХДТ вориди парлумон мешавад.
Вай ба ҷои Абдураҳим Холиқзода, ки 27 апрели соли 2021 бо фармони президенти Тоҷикистон директори Маркази исломшиносӣ дар назди президенти Тоҷикистон таъйин шудааст, ба курсии вакилӣ нишаст.
Интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 1 марти соли 2020 баргузор шуд, ки дар он аз 63 курсӣ 36-тоашро намояндагони ҳизби ҳоким, 12 курсиро аз тариқи рӯйхати ҳизбӣ ва бақияро аз роҳи ҳавзаҳои якмандатӣ ба даст оварданд.