Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Мясников роҳи ягонаи пирӯзӣ бар омикронро ошкор кард

Пизишки рус Мясников ба мардум маслиҳат дод, ки ҳама - ҳам беморон ва ҳам онҳое, ки қаблан ваксина гирифтаанд, дубора моякубӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Духтур ва барандаи телевизиони рус Александр Мясников гуфт, ҳамаи онҳое, ки бемор буданд ва зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, бояд на дертар аз шаш моҳ пас дубора моякубӣ шаванд.
Ба гуфти ӯ, барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии шиддати омикрон чунин тадбирҳо заруранд.

"Фарқ надорад, ки шумо бемор шудед ё ваксина гирифтаед. Шумо бояд на дертар аз шаш моҳ пас дубора моякубӣ шавед", - навиштааст табиб дар шабакаи "Telegram"-и худ.

Ба гуфтаи ин пизишк, дар акси ҳол омикронро боздоштан мумкин нест. Мясников барои такроран гирифтани ваксина тавсия дод, ки аз доруи "Спутник лайт" истифода шавад.
Қаблан вирусшиносони чинӣ гуфта буданд, омикрон нисбат ба штамми делтаи коронавирус 70 баробар тезтар паҳн мешавад. Штамми нав дар шохаҳои нафаскашӣ паҳн шуда, шуши одамро сироят мекунад.
Аммо маълум шуд, ки дараҷаи осеби шуш бо омикрон нисбат ба версияи аслии коронавирус даҳ баробар камтар аст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон: Омикрон нисбат ба делта 70 баробар зудтар сироят мекунад
Ёдовар мешавем, ки дар бораи кашфи штамми нави коронавирус олимони бритониёӣ дар охири моҳи ноябри соли 2021 хабар дода буданд.
Баъдан, он номи омикронро гирифт. Штамми делта B.1.617.2, ки бори аввал дар Ҳиндустон соли гузашта кашф шуда буд, ҳоло дар бисёре аз иёлатҳо бартарӣ дорад, аммо олимон эътироф мекунанд, ки онро омикрон иваз хоҳад кард.
Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?
Тибқи маълумоти СҶБ, штамми омикрон дар 77 кишвари ҷаҳон муайян шудааст ва эҳтимол дорад, ки версияи нави коронавирус боиси афзоиши шумори сирояту фавтҳо аз COVID-19 шавад.
Инчунин қайд карда мешавад, ки шумораи гирифторон дар ҳар 2-3 рӯз ду баробар меафзояд.