Дар Либия бинои ҳукуматро низомиён муҳосира карданд

Дар Либия мебоист 24 декабр интихоботи президентӣ баргузор шавад, ки писари Муаммар Қаззофӣ яке аз довталабони асосӣ ба ҳисоб мерафт. Вале ҳоло баргузории интихобот зери суол мондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Шоми чаҳоршанбе афроди мусаллаҳ ба қароргоҳи Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ ва бинои Вазорати дифоъ дар Триполи ворид шудаанд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба хабаргузории "Ал-ҷамоҳирия".

"Шахсони мусаллаҳ шоми чаҳоршанбе ба қароргоҳи Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ ва бинои Вазорати дифоъ дар Триполи ворид шуданд", - омадааст дар хабари оҷонсӣ бидуни зикри ҷузъиёти бештар.

Мувофиқи иттилои агентӣ, баъзе аз минтақаҳои пойтахти Либия аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум гардидаанд.
Ба гуфтаи корбарон, афроди мусаллаҳ бинои Шӯрои президентро дар Триполи иҳота кардаанд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии "Sky News Arabia", раиси ин кишвар ва аъзои Шӯрои раёсатҷумҳурӣ пас аз дарёфти маълумот дар бораи ҳамлаи силоҳбадастон ба ҷойи амн кӯч дода шуданд.
Қайд карда мешавад, низомиёне, ки дар тасарруфи муассисаҳои давлатӣ ширкат мекунанд, аз нерӯҳои бригадаи "Ал-самуд" мебошанд. Онҳо аллакай изҳор доштаанд, ки "дар Либия интихоботи президентӣ баргузор намешавад, мо тамоми идораҳои давлатиро дар Триполи мебандем".
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Амрико ҷанги бузургро натиҷагирӣ мекунад: як миллион кушта ва триллионҳо дуздидашуда
Ғасби биноҳои ҳукуматӣ дар Триполи ҳамагӣ ҳашт рӯз пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Либия рух дод.
Интихоботи президентӣ бояд 24 декабр баргузор мешуд. Дар миёни номзадҳо ба ин мақом писари Қаззофӣ ва генерал Халифа Ҳафтар низ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, соли 2011 ҳукумати раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ сарнагун ва худи ӯ кушта шуд, ки аз ҳамон замон то ҳол ин кишвар бо нооромиҳо рӯ ба рӯст.