Сипоси Ятимов ва Раҳимзода ба сокинони Хоруғ барои кумак дар оромсозии вазъ

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар ба сокинони Хоруғ барои кумак дар ба эътидол овардани вазъи шаҳр изҳори сипос кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Додситонии ВМКБ бо нашри як изҳорот аз мулоқоти роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохиллӣ, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикисто иштирок намудаанд.
Дар ин изҳорот, ки 15 декабр аз тариқи хабаргузории "Ховар" нашр шуд, омадааст, ки прокурори вилоят дар бораи тафтишот "вобаста ба амалҳои ҷиноятӣ ва ғайриқонунии содиршуда зимни ҳодисаҳои 25-28-уми ноябри соли ҷорӣ", ташхисоти судӣ, ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузориш додааст.
Дар идома таъкид шудааст, ки Раҳимзода ва Ятимов ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ барои кумакашон дар ба эътидол овардани вазъ сипос гуфта, дар мавриди роҳҳои қонунии ҳалли мушкилоти ҷойдошта изҳори назар кардаанд.
Генерал Раҳимзода: Вазъ дар ВМКБ ором аст
Бар асоси иттилоия, аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқшиносон Холиқназаров Манучеҳр ва Муборакшоён Музаффар баромад карда, ба баъзе саволҳои худ аз иштирокчиён ва гурӯҳи тафтишотӣ посух гирифтаанд.
Инчунин дар ҷаласа таъкид шудааст, нисбати ашхосе, ки муддати дароз дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доранду новобаста аз пешниҳоди даъватнома ба назди мақомоти тафтишотӣ ҳозир намегарданд, тибқи қонун чораҳои маҷбурӣ татбиқ мегарданд.
Бар асоси изҳорот, иштирокчиёни вохӯрӣ созоиш кардаанд, ки раванди ҳаракатҳои тафтишотӣ тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ идома дода мешаванд.
Дастури президент барои баррасии ҳаводиси Хоруғ: гурӯҳи вижа таъсис шуд
Маврид ба зикр аст, 25 ноябр зимни амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа кушта шуд, ки дар пайи ин ҳодиса мардум дар Хоруғ таҷаммуъ карданд. Мақомот гуфтанд, ӯ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст ва захмӣ шудааст. Сокинони маҳаллӣ бо овардани ҷасади марҳум ба майдони марказии назди ҳукумати ВМКБ талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияро карданд.
Дар маҷмуъ дар ҳаводиси ахир дар Роштқалъа ва Хоруғ се нафар аз сокинони маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Тоҷикистон аз захмӣ шудани 12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд.
Барои таҳқиқи мунсифонаи қазия гурӯҳи махсусе бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил гардидааст.