ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Штамми омикрон дар шохаҳои роҳи нафаси инсон нисбат ба делта ва вируси аввалии SARS-CoV-2 70 бор зудтар сироят мекунад ва афзоиш меёбад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба тадқиқоти олимони Мактаби тиббии Донишгоҳи Ҳонгконг.
"(Ин гузориш - шарҳ аз идора) метавонад фаҳмонад, ки чаро омикрон нисбат ба штаммҳои қаблӣ зудтар аз одам ба одам интиқол меёбад", - гуфта мешавад дар изҳороти HKUMed, ки дар ихтиёри РИА "Новости" қарор гирифтааст.
Тадқиқот нишон додааст, ки гирифторӣ ба омикрон дар қисмати шуш нисбат ба вируси аслии SARS-CoV-2 ба таври қобили мулоҳиза пасттар аст ва ин, ба гуфти коршиносон, метавонад нишондиҳандаи пасттар будани шиддати беморӣ бошад.
Штамми омикрон - SARS-CoV-2
Штамми нави SARS-CoV-2 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ рӯзи 20 -уми ноябр кашф шуд.
Дар он даҳҳо тағйир дар сафедаи S мавҷуд аст, ки вазифаи сироятро анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз тағйироти нав аз интиқоли сареи ин вариант ва муқовимат ба антителаҳои муҳофизатӣ шаҳодат медиҳанд, ҳарчанд барои баровардани хулосаҳои дақиқ дар ин замина ҳанӯз барвақт аст.
Эҳтимол меравад, ки ин штамм аввал дар бадани шахси дорои масъунияти заиф, масалан, мубталои ВНМО инкишоф ёфтааст.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт B.1.1.529-ро ҳамчун "штамми ташвишовар" эълон кард ва ба он номи ҳарфи 15 -уми алифбои юнонӣ - "омикрон" ном гузошт.
Коршиносон бар ин назаранд, афроде, ки аллакай бемориро аз сар гузаронидаанд ва ё ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он мубтало шаванд ва нишонаҳои он аз хастагии беҳад то дарди сару бадан гуфта мешавад.
Дар баробари ин, чуноне ки мудири маркази Гамалея Александр Гинсбург кайд кард, беморони ваксинашуда бемориро сабуктар аз сар мегузаронанд.
Штамми омикрон феълан дар 63 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.