Ним миллион доллару як миллион доза ваксинаи корона: кумаки Амрико ба Афғонистон

Намояндаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон эълом кардааст, ки Вошингтон як миллион доза ваксинаи корона ва 474 миллион доллар ба кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар афзудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Том Вест, намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрико дар умури сулҳи Афғонистон дар саҳифаи твиттерии худ навишт, ки 474 миллион доллар ба кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар дар соли равон изофа шудааст.
Ба гуфтаи Вест, Амрико ҳамчунин як миллион доза ваксина бар зидди КОВИД-19-ро аз тариқи барномаи "Квакс "ба мардуми Афғонистон эҳдо кардааст.
Иёлоти Муттаҳида таъкид кардааст, ки дар канори мардуми Афғонистон хоҳад буд.
Ин бастаи кӯмакҳо дар ҳоле эълом мешавад, ки буҳрони башарӣ дар Афғонистон бесобиқа хонда шудааст.
Рӯзҳои ахир бо болоравии қурби доллар дастрасии мардум ба маводи ғизо маҳдуд шудааст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Созмони Милал ба ҷаҳон: Барои кумак ба Афғонистон аҷала кунед
Ҳарчанд гуфта мешуд, ки буҳрони иқтисодии Афғонистон пеш аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар оғоз шуда буд, аммо бо суқути ҳукумати пешин ва сари қудрат омадани толибон буҳрон тавсеа пайдо кард.
Толибони иллати аслии буҳрони ҳозираро дар ҳукумати қаблӣ, таҳримҳои Амрико ва боздоштани дороиҳои Афғонистон медонанд. Аммо иддае бар ин боваранд, ки амалкарди толибон омили аслии вазъи феълӣ аст. Ҳукумати толибон то ҳол дар сатҳи байналмилалӣ эътироф нашудааст.
Толибон ахиран гуфтанд, ки мехоҳанд бо Амрико равобити наздиктар дошта бошанд ва бояд дороиҳои Афғонистон озод шаванд. Аммо Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки толибон ба 10 миллиард доллар маблағгузории Бонки марказӣ дастрасӣ надоранд.
Ин ҳама дар ҳолест, ниҳодҳои мададрасон аз вуқуи фоҷеаи башарии ҳавлнок дар Афғонистон, ки маҳсули маҷмуаи печидае аз авомил аст, ҳушдор додаанд.