Парвандаи ҷиноӣ алайҳи соҳибкоре дар Хуҷанд, ки мурғҳои пӯхтааш даҳҳо касро заҳролуд кард

Аз шаҳвандоне, ки аз истеъмоли гӯшти маркази савдое дар Хуҷанд зарар дидаанд, даъват шудааст, ки метавонанд ба прокуратураи шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Додситонии шаҳри Хуҷанд алайҳи соҳибкоре, ки мурғҳои пӯхтааш чандин нафарро заҳролуд кард, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, хабар медиҳад сухангӯӣ шаҳрдорӣ Маъмур Юсуфзода.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Муҳсинҷон Тоҷибоев дар нуқтаи савдои иҷорагирифтааш, воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 77 бо ҳамроҳи аъзои оилааш бо пухтупази гӯшти мурғи “Грил” машғул гашта, талаботи қонунгузории санитарию эпидемологиро дағалона вайрон намудааст.
Манбаъ мегӯяд, номбурда бо аъзои оилааш зимни пешбурди фаъолияти хидматрасонӣ дидаву дониста талаботи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро риоя накардааст.
Заҳролудшавии 35 нафар дар Суғд баъди истеъмоли гӯшт: Воҳидов вазъи беморонро шарҳ дод
"Бидуни гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ дар мавриди омода намудани гӯшти мурғ онро дар дохили зарфҳои пластикӣ ва оҳанини дорои бактерияҳои “Эколӣ” ва дигар микрофлораҳои зараровар бо истифодаи хамира ва омехтаи помидор, қаланфури булғории хушккардашуда коркард карда, дар тафдони махсус пухта, ба мизоҷон пешниҳод кардааст",- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин амали соҳибкор зиёда аз 20 нафар аз шаҳрвандон баъди харидорӣ ва истеъмоли ин маҳсулот заҳролуд гашта, дар беморхонаи касалиҳои сироятии №4-и ноҳияи Б.Ғафуров бистарӣ гаштаанд.
Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори идораи санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд рӯзе қабл дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, аксари беморон мураххас шудаву чор тани дигар мондаанд, ки бо ба итмом расидани табобат ҷавоб хоҳанд шуд.
Дар Хатлон 9 нафар, аъзои як хонавода заҳролуд шуданд
Аммо Азаматхӯҷа Воҳидов, теъдоди заҳролудшудагонро беш аз 35 нафар гуфта буд, ки миёнашон хурдсолон низ будаанд.
Додситонии Хуҷанд гуфтааст, бо назардошти он ки дар кирдори Тоҷибоевҳо аломатҳои ҷинояти пешбиникардаи қисми 1 моддаи 207 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст, дида мешавад ва бинобар ин дар ин хусус парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
Ин банди қонун барои афроди ҷинояткор аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлатро пешбинӣ мекунад.