Дастури навбатии толибон: ҳукумати нави Афғонистон боз чиро манъ кард

Талибы* 203-го армейского корпуса «Мансури» в афганской провинции Хост
Толибон ба бошандагони Форёб дастур додаанд, ки аз пӯшидани либоси низомӣ ва насби наворҳои сиёҳ дар шишаҳои мошинҳо худдорӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Мақомоти маҳаллии толибон дар вилояти Форёб ба сокинони ин вилоят дастур додаанд, ки аз пӯшидани либоси низомӣ худдорӣ намоянд, иттилоъ додааст “Sputnik” Афғонистон дар истинод ба расонаҳои хабарӣ.
Дар фармоне, ки ахиран аз ҷониби толибон содир шуд, гуфта шудааст, ки ба манзури таъмини амният ва ҳифзи ҷони шаҳрвандон аз шаҳрвандон тақозо мешавад, ки дар оянда аз пӯшидани либоси низомӣ ва мошинҳои дорои шишаҳои сиёҳ худдорӣ намоянд.
Ҳукумати маҳаллии толибон дар Форёб таъкид доштааст, ки ба ҷуз сарбозони онҳо касе аз либоси низомӣ истифода накунад.
Мавлави Амонуддин, бывший глава провинции Бадахшана
Мушкилоти фаромиллии Афғонистон: амвоҷи терроризм дар Осиёи Миёна
Толибон ҳушдор додаанд, ки вайронкунандагони қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Бояд қайд кард, дар рӯзҳои ахир иддаоҳое мабнӣ бар ин ки шуморе аз афрод бо сӯистифода аз ном ва нишони толибон, даст ба сирқат мезананд, матраҳ шуда буд, ки ин маворид аз сӯйи толибон низ таъйид шуд. Ин гурӯҳ гуфта буд, ки ҷилави чунин корҳоро мегирад.