ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Аскар Акаев барои шаҳодат додан дар парвандаи "Қумтор" ба Қирғизистон парвоз кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба наздикони раисиҷумҳури собиқ.
Омадани Акаев субҳи имрӯз маълум шуд. Вай бо писараш Илим аз Маскав ба Бишкек парвоз кардааст. Ба гуфтаи наздикон, Акаев бо мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои 2-3 рӯз ба Қирғизистон парвоз кардааст.
"Акаев дар қазияи "Қумтор" шоҳидӣ медиҳад. Ин дафъа раисҷумҳури пешин ба Кемин намеравад, вай қасд дорад, ба ҳама суолҳои тафтишот посух диҳад", - гуфтанд наздикони Акаев.
Президенти собиқи Қирғизистон Аскар Акаев 16 сол пас аз инқилоби марти 2005 барои аввалин бор дар дуюми август Бишкек рафта буд.
Ҳангоми будубош дар Ҷумҳурии Қирғизистон Акаев бо Содир Ҷабборов мулоқот кард, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ шуд, аз ватани хурди худ - ноҳияи Кемин ва инчунин вилояти Талас боздид кард.
Он замон Додситонии кулли Қирғизистон гуфта буд, ки Акаев дар тафтишоти парвандаи "Қумтор" ҳамкорӣ кардааст.
Қаблан Акаев дар робита ба бастани созишномаи генералӣ оид ба лоиҳаи "Кумтор" дар соли 1992, тағйирот ба он дар соли 1994, инчунин ҳангоми таҷдиди сохтори созишномаи генералӣ бо ширкати "Cameco" дар соли 2003 дар бораи гумонбар шудан ба коррупсия, огоҳинома гирифта буд.
Ӯ чанд рӯз дар Қирғизистон монд ва қабл аз парвоз паёми видеоӣ нашр карду гуфт, ки чаро ба кишвараш баргашту иқрор шуд, ки қарордодҳо дар бораи тарҳи "Қумтор" барои ҷумҳурӣ фоидаовар набуданд. Ӯ ҳамчунин шарҳ дод, ки чаро ин санадҳо имзо шуданд.