ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ахиран дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки ин афрод дар соли ҷорӣ аз ин ду кишвар баргашта ва ё ихроҷ шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин созмон афзуд, ҳоло нафарони баргашта ва ихроҷшуда дар Афғонистон ба кумаку пуштибонии фаврӣ ниёз доранд.
Дар ҳамин ҳол Созмони Байналмилалии Муҳоҷират таъкид кардааст, ки дар шароити кунунӣ ба ин афрод кумак хоҳад кард.
Ҳамзамон рӯзномаи “Wall Street Journal” навиштааст, ки Эрон паноҳҷӯёни гурехта аз толибонро маҷбур ба бозгашт ба Афғонистон мекунад.
Ба навиштаи рӯзнома, ҳар рӯз аз 2500 то 4000 паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз ҷониби мақомоти Эрон ихроҷ мешаванд ва ба вилояти Нимрӯз мераванд.
Як мақоми Созмони Милал ба рӯзнома гуфтааст, ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз тарафи Эрон пас аз ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон афзоиш додааст.
Илова бар ин шуморе аз паноҳҷӯёне, ки аз дасти толибон ба Покистон фирор кардаанд, ба иттилои рӯзномаи “Daily Information”, аз тарафи низомиёни покистонӣ боздошт ва бархе аз онҳо ихроҷ шудаанд.