ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, бо қарори раёсати Бонк иҷозатнома ба “Меҳмонсаройи Тоҷикистон” ба муҳлати 3 сол дода шудааст.
Қарори мазкур дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №192 “Дар бораи тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ - фурӯши мол, иҷрои кор ва хидматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расидааст.
“Бо қарори Раёсати Бонки миллӣ ба ҶСК “Меҳмонсаройи Тоҷикистон” барои анҷомдиҳии хидматрасонӣ (фаъолият)-и махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор шудааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хидматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати “Крестон" АС барои панҷ сол иҷозатномаи фаъолият дода буд.