Генерал Раҳимзода: Вазъ дар ВМКБ ором аст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти 11-моҳаи мақомоти дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баргузор намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Генерал Раҳимзода дар ҷаласаи мақомоти умури дохилии ВМКБ дар бораи ҳаводиси ахири Хоруғ ибрози назар кардааст.
Ба иттилои ВУД, вазири умури дохилӣ изҳор кард, ки бо талошу кӯшишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба кору зиндагӣ машғул ҳастанд.
Ӯ ҳамчунин аз рушди ВМКБ гуфта, таъкид намудааст, ки барои корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳамасола корхона ва бинову иншооти гуногуне мавриди истифода қарор мегиранд.
"Аммо роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо вазъияти ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ ноором сохта, ба ин амалҳои ҷинояткоронаи худ ноболиғону ҷавононро ҷалб карда истодаанд", - иттилоъ дод ВУД аз қавли Раҳимзода.
Дастури президент барои баррасии ҳаводиси Хоруғ: гурӯҳи вижа таъсис шуд
Вазири умури дохилӣ ба кормандони милиса дастур додааст, ки барои суботу оромӣ ва осоиштагию амнияти шаҳрвандон вазифаву уҳдадориҳои худро содиқона ва сарбаладона иҷро намоянд.
Маврид ба зикр аст, 25 ноябр зимни амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа кушта шуд, ки дар пайи ин ҳодиса мардум дар Хоруғ таҷаммуъ карданд. Мақомот гуфтанд, ӯ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст ва захмӣ шудааст. Сокинони маҳаллӣ бо овардани ҷасади марҳум ба майдони марказии назди ҳукумати ВМКБ талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияро карданд.
Дар маҷмуъ дар ҳаводиси ахир дар Роштқалъа ва Хоруғ се нафар аз сокинони маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Тоҷикистон аз захмӣ шудани 12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд.
Барои таҳқиқи мунсифонаи қазия гурӯҳи махсусе бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил гардидааст.