ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Президенти Русия гуфт, дар солҳои 90-уми асри гузашта барои гирифтани даромади иловагӣ мусофирбарӣ мекард.
Ин гуфтаи раисҷумҳурро шабакаи телевизионии "Россия 24" зимни муаррифии филми "Таърихи навин" нашр кард. Путин афзуд, ки ин кори иловагӣ аз ночорӣ буд.
"Баъзан ночор ба мусофирбарӣ машғул мешудам. Суҳбат дар ин бора гуворо нест, аммо мутаассифона, чунин ҳам буд", - таъкид кард роҳбари Русия.
Баранда дар ин филм мегӯяд, солҳои 90-уми асри гузашта дар Русия вазъ сангин буд ва бисёре аз мутахассисон бо мушкилӣ қути лоямуташонро пайдо мекарданд.
Ба ақидаи Путин, дар пайи сиёсати номуваффақи иқтисодӣ давлати шӯравӣ пош хӯрд.
Ӯ таъкид намуд, ки натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ "бадтар аз он шуд, ки одамон фикр мекарданду дар гумонҳои бадтаринашон метавонистанд онро тасаввур намоянд".
Маврид ба зикр аст, ки дар филми мустанади Андрей Кондрашев Путин аз омодагияш барои дохил шудан ба кор ба ҳайси ронандаи мусофирбар дар Санкт - Петербург гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки чунин фикрҳоро баъди рафтан аз кор дар шаҳрдорӣ дошт.
Дар охири солҳои 1990-ум маъмури раисҷумҳур ба Путин пешниҳод кардааст, ки ба Маскав ояд. Ӯ розӣ шудааст, чун кори дигаре надоштааст.