Мусобиқаи варзишӣ дар Маскав бо задухӯрди ҷамъӣ анҷом ёфт - видео

Мусобиқаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо задухӯрди ҷамъӣ анҷом ёфт. Задухӯрд миёни 50 нафар сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Даври интихобии мусобиқаи ҳунарҳои размии WEF бо задухӯрди шадид анҷом ёфт. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Москва 24" хабар додааст.
Мусобиқа дирӯз дар Қасри гӯштини ба номи Иван Яригини пойтахти Русия баргузор шуд.
Манбаъ меафзояд, Намозхон Самиев рақибашро шикаст дод ва сипас пурсид, ки кадоме аз тамошобинони ин мубориза мехоҳад бо ӯ ҷанг кунад. Ин нафар пайдо ҳам шуд ва пас аз он ки Самиев бо зону ба сари ҳарифаш зад, даҳҳо нафар аз толорнишастагон вориди октагон гардиданд ва миёни ҷонибдорони ҳар ду тараф афтударафт сурат гирифт.
Поре шикаст хӯрд: Оливейра ӯро бӯғӣ кард - видео
Дар ин задухӯрд дастикам 50 нафар иштирок намуд.
Шореҳ ҳарчанд хост, худ ин муноқишаро барҳам диҳад, вале кӯшишҳои ӯ натиҷа надод ва маҷбур шуд, ба кумаки пулис шитобад. Созмондиҳандагони ин муҳориба бо дастгирии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ин муноқиша хотима бахшиданд ва ҳоло ҳодисаи мазкур тафтиш мешавад.