ДУШАНБЕ, 12 дек – Sputnik. Мақомоти милиса шикояти як модар аз фарзанди 48-солаашро баррасӣ карданд, хабар дод Раёсати умури дохилии Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, муайян карда шуд, ки марди 48-сола, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Ғафуров дар манзили истиқоматиаш бо модараш ҷанҷол намудааст.
Таъкид шудааст, ки писар модарро мавриди дашномҳои қабеҳ қарор додааст ва дар идораи милиса ба гуноҳи содирнамудааш иқрор гардидааст. Муттаҳам ваъда додааст, ки дигар чунин рафтор такрор нахоҳад шуд.
Манбаъ афзуд, бо қарори додгоҳ ин шаҳрванд барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум гардид.
Ба ин монанд дар пайи муроҷиати як модари 76-сола писари 43-солаи ӯ, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино ба идораи милиса дастрас карда шудааст.
Муайян гардидааст, ки писар дар ҳолати мастӣ дар назди бинои истиқоматиашон бо овози баланд нисбати модари пиронсолаш дашному суханҳои қабеҳ гуфта, оромии ҳамсояҳоро низ халалдор намудааст.
Додгоҳ дар пайи баррасии ин қазия низ муттаҳамро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҳукм намудааст.