ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Маросими гиромидошти табибони дар мубориза бо коронавирус фавтида, субҳи 11-уми декабр оғоз шуда, дар он мақомҳои баланди Ӯзекистон ширкат кардаанд.
Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Ӯзбекистон, дар ин макон 61 бех ниҳоли чинор, қайроғоч ва акатсия шинонида шуда, дар назди дарахтон лавҳаҳое бо номи табибон гузошта шудаанд.
Дар лавҳаҳо инчунин рамзи QR код нишон дода шудааст, ки тавассути он метавон дар бораи табиби фавтида маълумот гирифт.
Дар Ӯзбекистон низ теъдоди дақиқи табибони фавтида аз коронавирус нашр нашудааст.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, дар соли 2020 дар ин кишвар 485 табиб ва корманди соҳаи тиб аз коронавирусу бемориҳои марбут ба он даргузашт.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар ин кишвар 195 524 ҳолати мубтало ба коронавирус ошкор шуда, 1 434 нафар фавтида ва ҳамчунин 192 260 нафар шифо ёфтааст.