ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон Миҷгона Самадова бо мағлуб кардани се ҳарифаш ба даври ниҳоии Ҷоми муштзании ҷаҳонӣ роҳ ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Бояд гуфт, Самадова дар даври аввали Ҷоми муштзании ҷаҳонӣ бар варзишгари Муғулистон пирӯз шуд ва дар марҳилаи баъдӣ ҳарифашро аз Лаҳистон низ шикаст дод.
Дар бахши ниманиҳоӣ бошад, Миҷгона бар варзишгари рус Малика Шаҳидова дастболо шуда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Дар даври финалӣ муштзани тоҷик бо варзишкори дигари мизбон вориди ринг мешавад.
Рақобати ниҳоӣ рӯзи 11 декабр дар назар аст.
Бояд зирк намуд, ки намояндагони дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Шоира Зулқайнарова ва Сулаймон Нодиров дар рӯзи дуюми мусобиқа аз тарафи ҳарифони худ мағлуб шуданд.
Ёдрас мешавем, ки дар Русия ҷоми 18-уми муштзании ҷаҳонӣ миёни бонувону мардон ҷараён дорад.
Ин мусобиқа дар Русия миёни занону мардони аз 19 то 40-сола ба хотири Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Фармон Салмонов баргузор мегардад.