ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Шаҳри Кобул дар як рӯз бори дувум аст, ки мавриди ҳамлаи террористӣ қарор мегирад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар шаҳри Кобул ду инфиҷор сурат гирифт. Инфиҷори дувуми мудҳиш, ки пойтахтро такон дод, дар ғарби Кобул сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, баъд аз инфиҷори аввал дар маҳалли Дашти Барчӣ инфиҷори дувум дар минтақаи Пули Сӯхта сурат гирифта, ки аксари бошандагони ин маҳал аз миллати ҳазораи шиамазҳаб мебошанд.
Манбаъ хабар додааст, ки видеои авоқиби ин инфиҷор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Шоҳидони маҳаллӣ мегӯянд, ҳар ду инфиҷор тавассути худрави “Тойота” сурат гирифтааст. То кунун дар мавриди шумори дақиқи қурбониёни ин ҳамла маълумоти дақиқ мавҷуд нест.
Дар ҳоли ҳозир расонаҳо дар бораи ду кушта ва чаҳор захмӣ хабар медиҳанд.
Толибон то ҳол дар бораи инфиҷорҳои ахире, ки дар пойтахти Афғонистон сурат гирифтаанд, тавзеҳоте ироа накардаанд.