ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) аз тамоми нерӯи худ барои таҳкими марзҳои Осиёи Марказӣ барои ҷилавгирӣ аз террористони афғонистонӣ истифода хоҳанд кард. Дар ин бора Валерий Герасимов, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як нишаст бо атташеҳои низомии кишварҳои хориҷӣ иттилоъ дод.
"СААД аз талошҳои ифротгароён аз Афғонистон барои ворид шудан ба Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард. Ин созмон кафили боэътимоди субот дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва қодир аст, амнияти кишварҳои минтақаро фароҳам кунад", - таъкид намуд Валерий Герасимов.
Вай гуфт, ба манзури қатъи фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ ва ҷиҳати ҳифзи суботу амният дар минтақа татбиқи тадобири якҷояи аъзои СААД ва СҲШ идома меёбад.
Сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфт, вазъи Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёнаро бештар ҳаракатҳои террористӣ ноором мекунанд. Дар бештари маворид муваффақияти толибон дар Афғонистон вобаста ба ин гуна гурӯҳҳои хатарнок аст, афзуд ӯ.
Ба ҷуз аз ин, созмонҳои ДОИШ ва "Ал-қоида", ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ ҳастанд, дар густариши ақидаҳои исломи иртиҷоӣ саҳми муайян доранд, гуфт генерал.
Вай инчунин қайд кард, ки низоми куҳнаи амниятӣ, ки онро Ғарб ташкил карда буд, ба ҳадафҳои дифоии кунунӣ мувофиқат намекунад.
"Оқибатҳои ин вазъ на танҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, балки дар маҷмуъ барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарноканд", - гуфт сардори Ситоди кулли артиши Русия.
Қаблан Герасимов дар ҳошияи нишасти СААД гуфта буд, ки "ҳадафҳои муқарраршудаи ҷаласаи Кумитаи низомӣ амалӣ шуданд ва натиҷаҳо ба таҳкими низоми амнияти дастаҷамъию ҳифзи суботи минтақа мусоидат хоҳанд кард".