ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод 325,8 миллион сомонӣ зарари молиро дар пайи 822 санҷишҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ошкор кард, гуфтааст мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ин ожонс, подполковники адлия Шодком Турсунзода дар суҳбат бо "Ховар".
Вай афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида 227 миллиону 537 ҳазору 632 сомонӣ ситонида шуда, барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида шуданд.
Ёдовар мешавем, зарари молии дар шаш моҳи гузашта ошкоршуда ба 235,8 миллион сомонӣ баробар гуфта мешавад.
Ҳамин тариқ дар давоми чор моҳи ахир зарари беш аз 90-миллионсомонӣ ба буҷа ошкор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, давоми соли ҷорӣ аз ҷониби ин ниҳод 1833 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба он вобаста ба қайд гирифта шуд, ки 779 мавриди онҳоро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.
Муфаттишони оҷонсӣ ҳамзамон 784 парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар 588 мавриди он нисбат ба 765 нафар тафтиши пешакӣ анҷом додаанд.
"Зарар аз рӯи парвандаҳои ҷиноии анҷомшуда 466 миллиону 909 ҳазору 489 сомониро ташкил дода, пас аз санҷиши пешакӣ 297 миллиону 782 ҳазору 63 сомонӣ рӯёнида шуд", - афзуд манбаъ.
Қаблан Сулаймон Талбакзода, ноиби раиси оҷонсӣ дар ҷаласаи парлумоние гуфта буд, ки зарар бештар аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ ошкор мешавад.
Ба гуфти Турсунзода, давоми соли ҷорӣ 1254 ҳуқуқвайронкунии маъмурии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шуда, дар натиҷаи баррасии онҳо шахсони содиркардаи ин ҳуқуқвайронкуниҳо ба маблағи 1 миллиону 420 ҳазору 638 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ баста шуданд, ки пурра ба буҷети давлатӣ гузаронда мешаванд.
Вай инчунин гуфт, ожонс барои иҷрои талаботи моддаи 22-и Қонуни кишвар “Дар бораи муқовимат ба корупсия”, ки хидмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаршударо манъ намудааст, 99 ҳолати вайронкунии меъёрҳои моддаи зикршударо ошкор кард.
Мавсуф мегӯяд, ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар кам гаштаанд, аммо сарфи назар аз иқдомоти пешгирикунанда амалҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе шахсони мансабдори вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ иҷроӣ мешаванд.