ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ, ки ба хуруҷи 300 варзишкори афғонистонӣ аз ин кишвар кумак карда буд, 560 ҳазор доллар ба варзишкороне, ки ҳанӯз дар ин кишвар боқӣ мондаанд, пардохт хоҳанд кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, Томас Бах, раиси Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ гуфт: "Ба лутфи дипломосӣ, толибон ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Кумитаи Олимпӣ ба аъзои ҷомеаи олимпикро, ки ҳанӯз дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд, пазируфтааст".
Тибқи тасмими Кумитаи Байнулмилалии Олимпӣ, 560 ҳазор доллар миёни ду ҳазор варзишгари олимпӣ ва паралимпии Афғонистон тақсим карда мешавад.
Томас Бах гуфт, Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ рӯзи 18-уми ноябр дар Қатар бо толибон дар бораи варзишкороне, ки ҳанӯз дар Афғонистон ҳастанд, бахусус занону духтарон музокиротро оғоз кард.