Хариди техникаи Русия дар Тоҷикистон осонтар мешавад

Пас аз имзо шудани қарордод дар ҷиҳати арзаи таҷҳизоти русӣ ба Тоҷикистон барои таъмиру кор дар сохтмон дастрасии ҳаддиаксарии тоҷирон ба техникаи Русия фароҳам хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия Евгений Коренков ҷаласаи кории ширкати русии ООО ОМГ "Строительно-дорожные машины" ва корхонаи ҷумҳуриявии ҶДММ "Ремспетсмаш" баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии тарафайнро дар бораи арзаи таҷҳизоти вазнин, коммуналӣ ва роҳсозии истеҳсоли Русия барои эҳтиёҷоти бахши давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон тасдиқ карданд.

"Чин дар таъмини ин кишвар бо ин васоил пешсаф аст, аммо тавлидкунандагони Русия имкони рақобат дар бозори Тоҷикистонро доранд", — қайд кард Коренков дар ин нишаст.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо созишномае дар бораи ифтитоҳи маркази хидматрасонии ҶДММ ОМГ СДМ дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба даст омад.
Дар оянда дар назар аст, ки навъҳои техникаи русӣ дар Тоҷикистон бо тамғаи "Made in Tajikistan" бандубаст шаванд.
Мошинҳои русӣ дар Тоҷикистон истеҳсол ва ба Афғонистон фурӯхта мешаванд
Ширкати ОМГ СДМM шомили холдинги "United Machine-Building Group" мебошад, ки корхонаҳои машинасозии "Эксмаш", экскаватори "Твер", арсенали "Брянск", мошинҳои роҳсозии "Челябинск", ЯМДЖи-Рибинскро муттаҳид менамояд.
Намудҳои асосии маҳсулоти истеҳсолшаванда экскаваторҳои чархдору тасмачарх бо навъҳои гуногун мебошанд ва дар Твер, Челябинск, Брянск, Рибинск маҷмааҳои саноатӣ ва марказҳои муҳандисӣ ҷойгиранд.