ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон олимон устухонҳои ҳайвоноти калони сутунмуҳрадори давраи плейстотсенро кашф карданд, ки қидмати 2,5-2,2-миллионсолӣ доранд.
Чунин кашфиётро кормандони Донишгоҳи федералии Урал (УрФУ) анҷом додаанд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии донишгоҳ.
Дар байни бозёфтҳои қиматбаҳо устухонҳои кафтори қадимӣ, говмеши кӯҳондор ва каргадан ҳастанд.
"Кормандони Пажуҳишгоҳи экологияи наботот ва ҳайвоноти филиали уралии Академияи илмҳои Русия ва озмоишгоҳи усулҳои табиатшиносии тадқиқоти гуманитарии УрФУ бо ҳамкасбони Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А. Дониш корҳои иктишофиро дар ду макони давраи аввали плейстотсен гузарониданд", — гуфта мешавад дар иттилоия.
Дар ҳавзаи рӯдхонаи Қизилсуи ҷануби Тоҷикистон олимон устухони кафтори қадимӣ, аспи стенонӣ, говмешҳои кӯҳондор ва инчунин чанд намуди оҳуву каргаданҳои қадимро пайдо кардаанд.
Ҳамаи бозёфтҳо ба анборҳои Осорхонаи кишваршиносии шаҳри Балҷувон супурда шуданд.
Барқарорӣ ва таҳқиқи намунаҳои ёфтшуда соли оянда барномарезӣ шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки олимони тоҷик зимни ҳафриёт дар қаламрави Қалъаи бостонии Хуҷанд бозёфтҳои ҷолиберо ба даст овардаанд.
Бостоншиносон дар рафти тадқиқоти худ тангаҳои сиккадор, пораҳои сафолӣ ва дӯдхона ёфтанд.