Табиби амрикоӣ омили асосии пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро гуфт

Ораш Алоӣ мегӯяд, муваффақияти Тоҷикистон дар мубориза бар коронавирус ин буд, ки ба илм бовар ва аз рӯи тавсияи олимону мутахассисон амал карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон наздики як моҳ мешавад, ки аз бемории коронавирус хабаре нест. Доктори эронитабори муқими Амрико Ораш Алоӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории "Ховар" омилҳои асосии пирӯзӣ бар ин ҳамагир дар Тоҷикистонро гуфт.
Ба таъкиди ӯ, мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон бемории коронавирусро аз рӯзҳои аввали хуруҷи он ҷиддӣ қабул карданд.
"Ҳукумат ситоди миллӣ ташкил кард ва ситод низ ба барномаҳои COVID-19 аҳамияти ҷиддӣ дод. Мардум низ ба барномарезиҳое, ки аз тарафи мутахассисон таҳия шуданд, бовар карданд", - шарҳ дод пизишк.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳукумату мардум хуруфоту баҳсҳои ғайриилмиро сарфи назару ба тавсияҳои илмӣ бовар карданд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Ораш Алоӣ ба намояндагони Марказҳои саломатии пойтахт роҳи халосӣ аз коронавирусро гуфт
Ораш Алоӣ аз он ҳушдор дод, ки коронавирус бисёр зуд густариш пайдо мекунад ва ҳоло навъҳои дигаре ба мисли омикронро шомил мешавад. Дар сурати напӯшидани ниқоб ва нагузаштан аз маъракаи ваксиназанӣ эҳтимол ин вирус хуруҷ кунад, бовар дорад ӯ.
Номбурда ҳамчунин тазаккур дод, ҳатто шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд ба намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр ба осонӣ паси сар мекунанд.