ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Фаҳим Зирак, сухангӯи Иттиҳоди саррофони Афғонистон ахиран дар суҳбат бо расонаҳо таъйид кардааст, ки арзиши пули миллӣ дар ин кишвар боз поин рафтааст ва ҳар як доллари Амрико 99,3 афғонӣ мубодила мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Оқои Зирак қайд кардааст, ки болоравии арзиши доллар дар муқобили афғонӣ ба далели камбуди доллар дар бозори арз сурат гирифтааст.
Вай ҳамчунин бетафовутии Бонки марказии давлатии ҳукумати толибон нисбат ба коҳиши арзиши пули миллиро аз дигар далелҳои суқути қимати доллар хонд.
Дар ҳамин ҳол дар баробари болоравии арзиши доллар дар бозори арзи Афғонистон нархи маводи аввалия дар бозорҳо низ ба далели ин ки маводи воридотӣ бо доллар харидорӣ мешавад, афзоиш меёбад.
Аз замони ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибон дар Афғонистон болоравии бесобиқаи доллар нисбати афғонӣ ба назар мерасад. Далели аслии он масдуд шудани ҳудуди 10 миллиард доллар сармояи Бонки марказӣ таввасути давлати Амрико, қатъи кумакҳои хориҷӣ ба Афғонистон ва арзаи пули афғонӣ таввассути бонкҳо ба муштариёнаш гуфта мешавад.