ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Мусофироне, ки гузаргоҳҳои сарҳадии Ӯзбекистонро убур мекунанд, ҳатман бояд тести коронавирус супоранд, изҳор доштанд бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон.
Ба иттилои мусоҳибони Sputnik Тоҷикистон, ҳатто онҳое, ки сертифакати ваксина алайҳи бемории коронавирус дар даст доранд, ҳатман бояд дар гузаргоҳҳои кишвари ҳамсоя тест супоранд.
Бахтиёр Раҳматуллоев, як сокини деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич, ки 7 декабр барои муолиҷа ҳамроҳ бо модараш ба шаҳри Тошканд сафар кардаст, ҷорӣ шудани чунин шартро дар гузаргоҳи Ойбеки Ӯзбекистон таъйид кард.
“Пештар онҳое, ки сертификати ваксина доштанд, аз тест (ПЦР) дар гузаргоҳ озод буданд, вале ҳоло барои онҳо низ ҳатмӣ шудааст. Дар гузаргоҳи Ойбек барои ташхиси ҳатмӣ 120 ҳазор сӯми ӯзбекӣ ё 140 сомонӣ мегиранд”, - гуфт Раҳматуллоев.
Мусофирони тоҷик таъкид намуданд, онҳое, ки дар Тоҷикистон тести коронавирус супорида ва хулосаи онро дар даст доранд, бидуни мушкил сарҳадро гузашта метавонанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан сарҳадбонони ӯзбек сертифакати воксинзаниро ба назар гирифта, аз мусофирон тести пулакии коронавирусро талаб намекарданд.
Пас аз афзоиши омори воксинзанӣ дар вилояти Суғд мақомоти марзбонии Ӯзбекистон ташхисро ҳатмӣ кардаанд, аммо мусофироне, ки ташхиси коронавируси муҳлаташ на беш аз 72 соатро доранд, бидуни мушкил марзро убур мекунанд. Пештар ҷониби Ӯзбекистон тести короновирусе, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташхисгоҳҳои ҳудуди кишвар месупориданд, эътироф намекард.
Ин дар ҳолест, ки дар гузаргоҳи Фотеҳободи Тоҷикистон, ҳаммарз бо Ойбек чунин муқаррарот ҷорӣ нашудаанд.
Ҷаннатой Набиева, мудири бахши Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ҳаштуми декабр 808 ҳазору 106 нафар ва ё 47% аз ҷамъи гурӯҳи мақсаднок дар шимоли Тоҷикистон ваксина алайҳи коронавирусро гирифтаанд.