Ниёзи думиллиарддолларии ЮНИСЕФ барои наҷоти кӯдакони Афғонистон

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии бахши беҳдоштии Афғонистон, фароҳамсозии хадамоти ҳаётӣ барои кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо ба ду миллиард доллар ниёз аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии бахши беҳдоштии Афғонистон ва фароҳамсозии хадамоти ҳаётӣ барои кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо ду миллиард доллар лозим аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои ин ниҳод, бо ин пул ниёзмандии фаврии беш аз 24 миллион нафар, ки нисфи он кӯдаконанд, рафъ хоҳад шуд.

"Зимистон оғоз шуд ва бидуни маблағи иловагӣ ЮНИСЕФ ва шариконаш наметавонанд ба кӯдакону оилаҳои ниёзманд кумак расонанд. Миллионҳо кӯдаки афғон дар хатари гуруснагӣ ва марг қарор доранд", - гуфт Эллис Акунга, намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон.

ЮНИСЕФ тахмин задааст, ки нисфи кӯдакони зери синни панҷ сол дар Афғонистон то соли 2022 ба далели буҳрони ғизоӣ ба гуруснагии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
СҶБ барои табобати 5 ҳазор кӯдак дар Афғонистон кумак фиристод
ЮНИСЕФ мегӯяд, ки ин идора дар сурати дарёфти ду миллиард доллар хадамоти ҳаётиро барои кӯдакони афғон фароҳам карда ва тадовуми ироаи хадамити асосие чун сиҳҳат ва омӯзишро барои онон тазмин хоҳад кард.
Хонум Акунга аз кишварҳои донор хоҳиш кард, ки ба дархости башардӯстонаи ЮНИСЕФ посухи мусбат диҳанд ва кӯдакони афғонистониро дастгирӣ кунанд.
"Мо бояд ҳисси муштараки башарии худро ба ёд оварда ва барои зинда нигоҳ доштани кӯдакон тағзияи дуруст, таъмини масуният ва заминаи омӯзиши онон ҳамкориро анҷом диҳем”, - қайд кард ӯ.