Зарфияти мухолифатҳо дар минтақа афзоиш ёфт. НАТО бо баҳонаҳои бофта гурӯҳҳояшро дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Балтика, дар наздикиҳои марзи Русия ва Беларус афзоиш медиҳад, изҳор дошт Валерий Семериков, ноиби дабири кулли СААД дар суҳбат бо Sputnik.
Ӯ дар мавриди вазъ дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон изҳор кард, ки тағйири ҳукуматдорон барои минтақа мушкилзо шуд.
Ба гуфтаи Семериков, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон комилан аз сиёсати толибҳо вобаста аст ва размоишҳо барои эътидоли вазъ дар минтақа мусоидат карданд.
Ноиби дабири СААД зикр намуд, ки то ҳол ҳудуди ду миллион нафар аллакай кишварро тарк карда ва ин теъдод афзоиш хоҳад ёфт. Вай махсусан таъкид кард, ки шумораи гурезаҳо зиёд мешавад, агар қатлҳои омми қавмӣ пеш аз ҳама алайҳи тоҷикон идома дода шаванд.
Тибқи иттилои намояндаи СААД, дар Афғонистон ҳудуди 13-14 созмони террористӣ фаъолият мекунад, ки дар маҷмуъ қариб 23 ҳазор ҷангҷӯро дар бар мегиранд.
Семериков дар мавриди дурнамои созмон таъкид кардааст, ки ин аз амали ҳукуматдорони нав дар кишвар вобаста аст, ки то куҷо метавонанд сиёсати босамари дохилӣ ва равобит бо ҷаҳонро роҳандозӣ кунанд.