Муҳриддин ба намояндагони СММ чӣ гуфт?

Дар вохӯрӣ аз ҳамкориҳои Тоҷикистону СММ дар бахши таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ гуфта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Сироҷиддин Суҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорати мазкур.
Манбаъ меафзояд, вазири тоҷик бо намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақаии дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказии СММ (UNRCCA) Наталя Герман ва мудири Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ Ҷаҳонгир Хон мулоқот кард.
Сироҷиддин Муҳриддин хостори кумак ба мардуми Афғонистон шуд
Гуфта мешавад, зимни суҳбат тарафҳо аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ ёдоварӣ намуданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ, бавижа Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муқокима қарор гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро маҳкум карда, ҷонибдори татбиқи босамари “Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ” ва “Нақшаи амали Дабири кулли СММ ҷиҳати пешгирии ифротгароии хушунатомез” мебошад.