Рубл тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боло рафт

Арзиши асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон каме боло рафтаву аз доллар ва евро бошад, коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 153.1 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта дар кишвар барои 1000 рубл 152.6 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7793 сомонӣ қимат дорад.
Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад ва дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Таърихи дақиқи ҷаҳиши рекордии қурби доллар маълум шуд
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2917 сомонӣ аст.
Ду асъори аз ҳама фоидаовар номбар шуд: доллар миёни онҳо ҳаст?
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2917 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7793 то 12.9300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1531то 0.1545 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.