Аз қарз ба муҳоҷирон то интиқоли пул: баррасии ҳамкории ду бонки амонатгузорӣ

Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” дар садри як ҳайат аз Тоҷикистон бо Анатолий Попов, ноиби раиси “Сбербанк”-и Русия густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла пешниҳоди қарз ба муҳоҷиронро баррасӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Раёсати “Амонатбонк”-и Тоҷикистон ба мудирони “Сбербанк”-и Русия пешниҳод кардааст, ки дар масъалаи додани қарз ба муҳоҷирон ҳамкорӣ шавад.
Тибқи иттилоияи нашркардаи “Амонатбонк”, роҳбарияти “Сбербанк” пешниҳоди ҷудо намудани қарз ба муҳоҷирони меҳнатиро қабул карда, ваъда додааст, ки пас аз омӯзиши масъала дар робита ба он посух медиҳад.
Манбаъ инчунин аз имзои созишномаи ҳамкории миёни “Амонатбонк” ва “Сбербанк” хабар дод, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногунро дар бар мегирад.
Дар Қирғизистон ипотекаи шаръӣ роҳандозӣ мешавад
Табодули иттилоот дар бораи шароити иқтисодӣ, молӣ ва сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи боз кардани суратҳисобҳо, интиқоли зуди маблағҳо миёни ду кишвар, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти киберӣ аз бандҳои созишномаи мазкур арзёбӣ шуданд.
Инчунин мувофиқа шудааст, ки кормандони “Амонатбонк” дар Донишгоҳи корпоративии "Сбербонк" аз давраҳои омӯзишӣ барои такмили ихтисос бархурдор мешаванд.
Барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид шудааст, аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохторҳои ду бонк гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода мешавад, ки татбиқи созишномаи имзошударо пайгирӣ менамояд.