Беш аз 1,1 миллиард сомонӣ ба буҷаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ВМКБ ва Хатлон ихтисос меёбад

Буҷаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон барои мусоидати молӣ ба буҷаҳои маҳаллӣ дар соли 2022 беш аз 1,1 миллиард сомонӣ ихтисос медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Мусоидати молӣ дар ҳаҷми беш аз 1 миллиарду 142 миллион сомонӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба буҷаҳои ВМКБ, Хатлон ва навоҳии тобеи марказ тахсис мешавад.
Бар асоси Қонуни буҷаи Тоҷикистон, барои соли 2022 аз буҷаи ҷумҳурӣ барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 213 миллион сомонӣ ва вилояти Хатлон 603 миллион ҷудо мегардад.
Иловаи 34 миллиони дигар: Пули Фонди захиравии президент дар соли нав маълум шуд
Дар феҳрасти гирандаҳои дигари мусоидати молӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ инчунин ноҳияҳои Варзоб (15,3 миллион), Рашт (51,9 миллион), Лахш (36 миллион), Нуробод (39,9 миллион), Рӯдакӣ (64,8 миллион), Сангвор (18 миллион сомонӣ) зикр шудаанд.
Инчунин ноҳияи Тоҷикобод 25 миллион, Файзобод 44 миллион ва ноҳияи Шаҳринав 29 миллион сомонӣ субвенсия мегиранд.
Таъкид шудааст, ки мусоидати молӣ ё худ субвенсия ба фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ мустақиман аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо мешавад.