ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Манучеҳр Ҷалилов, ки дар чемпионатҳои Тоҷикистон дар солҳои 2015 ва 2016 беҳтарин голзан эълон шуд, дар мусобиқаи қаҳрамонии имсола низ беҳтарин арзёбӣ гардид.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими имсолаи чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ Ҷалилов 18 гол ба ҳадаф расонд. Дар пайи ӯ ҳамдастааш Рустам Соиров бо 15 тӯб ва дар зинаи сеюм Илҳомҷон Баротов бо 13 тӯб қарор доранд. Ба панҷгонаи беҳтарин голзанҳо инчунин Алишер Ҷалилов аз "Истиқлол" ва Дилшод Бозоров аз "Хуҷанд" бо 12-голӣ ворид шуданд.
Дар ҷамъбасти чемпионати имсола миёни тимҳои Лигаи олӣ муайян шуд, ки қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе соли оянда дар Лигаи чемпионҳои AFC иштирок мекунад. Барандаи медалҳои нуқра – тими "Хуҷанд" ва барандаи медалҳои биринҷӣ – тими КМВА дар мусобиқа барои Ҷоми AFC-2022 ширкат менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ик дар таърихи чемпионатҳои Тоҷикистон, аз ҷумла соли 1991 Умед Алидодов бо 11 гол, соли 1993 Холмурод Зардов бо 30 гол, соли 1994 Давлат Содиқов бо 26 гол, соли 1995 Зокир Бердиқулов бо 42 гол, соли 1996 Муҳиддин Иззатуллоев бо 35 гол, 1997 – Рустам Усмонов бо 21 гол, 1998 – Назиршо Ризомов бо 25 гол, 1999 – Ораз Назаров бо 27 гол беҳтарин ҳамлагар эълон гардидаанд.
Соли 2000-ум ин унвонро Мансур Ҳакимов, соли 2001 – Пирмурод Бурҳонов, 2002 – Ҷомихон Муҳиддинов, 2003 – Осим Бобоев, 2004 – Суҳроб Ҳамидов, 2005 – Аҳтам Ҳамроқулов, 2006 – Фозил Сатторов, 2007 – Суҳроб Ҳамидов, 2008 ва 2009 – Нуъмон Ҳакимов, 2010 ва 2011 – Юсуф Рабиев, 2012 – Дилшод Восиев, 2013 – Ҳусейни Суҳробӣ, 2014 – Дилшод Восиев, 2015 ва 2016 – Манучеҳр Ҷалилов, 2017 – Дилшод Восиев соҳиб шудаанд.
Дар солҳои 2018 ва 2019 Шериддин Бобоев, соли 2020 Илҳом Баротов беҳтарин голзан дониста шуда буданд.