ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Истеъмоли беназорати антибиотикҳо метавонад ба оқибатҳои хатарнок, аз ҷумла ношунавоӣ оварда расонад, гуфт табиб ва барандаи телевизион Александр Мясников дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 1".
"Бисёр антибиотикҳо ба шунавоӣ таъсири манфӣ доранд ва ресепторҳои шунавоии моро вайрон мекунанд", - гуфт ӯ.
Пизишк қайд кард, ки дар баробари кам шудани шунавоӣ табобат аз тариқи антибиотики бидуни назорати пизишк метавонад ба гурда низ таъсири манфӣ расонад.
"Ин навъи доруҳо гурдаҳоро нобуд мекунад. Баъзан ҳатто инсонро то афтодан ба шуъбаи эҳё беҳол мекунанд <...> Онҳо тавозуни баданро иваз мекунанд, ба он оварда мерасонанд, ки калий аз ҷисми шумо шуста мешавад. Одамон дар паи аз кор мондани дил мемиранд", - шарҳ дод духтур.
Ин доруҳо, ба гуфтаи мутахассис, инчунин метавонанд осеби буғумҳо ва осеби заҳролудшавии ҷигарро ба вуҷуд оранд.
Антибиотик - аслиҳаи дасти одами ғайрикасбист, гуфт дар хотима Мясников.