ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Покистон барои кумак ба бахши сиҳҳии Афғонистон як гурӯҳи табибон ва ҳамчунин таҷҳизоти тиббӣ мефиристад.
Маҷаллаи The Express Tribune менависад, табибони покистонӣ аз ҷумла барои ба кор андохтани таҷҳизоти тиббӣ дар се дармонгоҳи Кобулу Ҷалолобод ва Лоҳур, ки аз ҷониби ҳукумати ин кишвар харидорӣ шудаанд, кумак мекунанд.
Исломобод ҳамчунин ба низоми тандурустии Афғонистон ба маблағи 2,9 миллион доллар кумаки молии ҳадафманд ироа хоҳад кард ва ба ин кишвар маводи доруворӣ ба маблағи 226 ҳазор доллар мефиристад.
Илова бар ин мақомоти Покистон тартиби дарёфти раводиди тиббӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ ва интиқоли дору ба шаҳрвандони Афғонистонро сода кардаанд.
Қаблан шабакаи телевизионии "TOLOnews" хабар дод, ки дар дорухонаҳои Кобул норасоии доруҳо рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Бисёре аз ширкатҳои дорусозӣ ба далели камбуди ашёи хом аз фаъолият бозмонданд ва ҳоло воридоти доруворӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.
Бояд гуфт, 90 дарсади доруҳо ба Афғонистон аз Покистон, Ҳиндустон, Туркия ва Бангладеш ворид мешавад.