ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Николай Подгузов дар чорчӯби Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав қайд кард, ки дар давоми 30 сол робитаҳои энержӣ ва обии миёни кишварҳои Осиёи Миёна гусаста шуд.
Вай гуфт, ки дар ин давра ҳар як кишвари Осиёи Миёна кӯшиш кард, мушкилоти амнияти энержии худро дар танҳоӣ таъмин намояд.
“То як муддат ин имконпазир буд. Аммо иқтисод рушд мекунаду талабот ба барқ афзоиш меёбад. Вақте ҳамаи ин аз манобеи обӣ вобастааст, истифодаи нодурусти манобеи обӣ боиси сар задани мушкилиҳо мешавад”, - гуфт Раиси раёсати Бонки Рушди Авруосиё.
Вай илова кард, ки тақрибан 77 дарсади захираҳои оби Осиёи Миёна дар кишварҳои болооби дарёҳои Омӯ ва Сир, дар қаламрави Қирғизистон ва Тоҷикистонанд. Кишварҳои поёноб, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон аз 85 дарсади ин обҳо истифода мекунанд.
Вай афзуд, ки масрафи об дар ин кишварҳо аз ҳад зиёд аст.
Дар чаҳорчӯби рушди талабот ба барқ норасоии об ба 26 дарсад расидааст.
Николай Подгузов илова кард, ки норасоии об дар кишварҳои Осиёи Миёна аз солҳои 90-ум оғоз ёфта, сол то сол афзоиш меёбад.
“Ҳоло мо шоҳиди норасоии об дар кишварҳои Осиёи Миёна ҳастем. Пеш аз ҳама аз ин мушкилот Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ранҷ мекашанд. Ҳамчунин дар қиёси иқтисодӣ Тоҷикистон ҳам аз ба камбуди об рӯ ба рӯ шудааст. Яъне мушкилот зиёдтар мешавад”, - гуфт вай.
Ҳамчунин вай таъкид дошт, ки дар тӯли солҳо ҳаҷми мубодилаи энержӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ коҳиш ёфт.
“Ҳоло ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ масъалаи таъмини нерӯи барқро мустақилона ҳал мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба талаботи энержии лозима бояд 82 гигаватт нерӯи изофии барқ тавлид шавад. Агар мубодилаи энержӣ миёни кишварҳо мебуд, зарурат ҳамагӣ 72 гигаваттро ташкил медод. Ин 10 гигаватти ночиз 22 миллиард доллар арзиш дорад”, - қайд кард ӯ.
“Ин маънои онро дорад, ки барои рушди низоми обёрӣ 22 миллиард доллар пайдо мешавад. Зарур аст, низоми энержиро ҳамоҳанг, мубодилаи энержир барқарор ва ҷустуҷӯву дарёфт намудани маблағгузорӣ ба обёриро беҳтар кард. Ин метавонад таъсири хеле ҷиддӣ дошта бошад”, - афзуд бонкдори рус.
Вай дар чорчӯби Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав афзуд, агар ин иқдомҳо анҷом ёбанд, рушди ММД-и кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад то 1,5 дарсад, ҳамчунин сарфаи об ба 40% расад.
Николай Подгузов хусусан қайд кард, ки Бонки Рушди Авруосиё ба ин кор машғул аст ва онҳо мехоҳанд рушди устувори Осиёи Марказиро таъмин кунанд, зеро энергетика ва об манбаи асосии рушди иқтисод мебошанд.