Мирзиёев мушкилоти асосии соҳаи сохтмони Ӯзбекистонро номбар кард

Чаро мақомот барои сохтмони манзил ва хонаҳои истиқоматй пул ҷудо мекунанду аммо ҳанӯз ҳам манзил намерасад? Чаро сифат ба талабот ҷавобгӯ нест? Посухи ин суолҳоро аз маводи зер дарёбед
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз тариқи видеоӣ нишасте баргузор карда, масъалаи дастрасии мардум ба манзил ва сохтмонро баррасӣ кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Кишвардори Ӯзбекистон таъкид кард, ки дар давоми панҷ соли охир беш аз 140 ҳазор манзил ва хонаи инфиродӣ сохта шудааст. Сифат ва рақобат дар соҳаи сохтмон боло рафта, дар минтақаҳо лоиҳаҳои бо меъмории замонавӣ татбиқ шудаанд.
Бо вуҷуди ин манзил ҳанӯз кам аст. Аз ҷумла, манзилҳои категорияи миёна, ки дар байни аҳолӣ серталаб аст, намерасанд.
Мирзиёев қайд кард, ки 950 манзил ба маблағи 255 миллиард сӯм фурӯхта нашудааст. Сабаби асосӣ ҷолиб набудани ҷойгиршавӣ ё нарх аст.
Самарқанд бузург мешавад
Дар як қатор навоҳӣ оғози сохтмони манзил ба дорозо мекашад. Ба ин раванд таъхир дар музоядаи қитъаҳои замин халал мерасонад.
Дар натиҷа маблағи барои қарзҳои мақсаднок ҷудокардаи мақомот истифода намешавад.
Мирзиёев боз як масъалаи дигарро зикр кард: ҳокимони аксари вилоятҳо ва муовинони онҳо оид ба сохтмон ҳангоми интихоби пудратчиён бо ду-се ташкилот маҳдуд мешаванд. Ин ба сифати манзил таъсири манфӣ мерасонад.
Дар Қирғизистон ипотекаи шаръӣ роҳандозӣ мешавад
Дар ҳамин ҳол Мирзиёев вилояти Самарқандро мисол овард, ки дар он ҷо мақомоти маҳаллӣ, баръакс ба масъалаи бунёди манзилҳои нав масъулиятшиносона муносибат мекунанд.

"Ҳукумати вилоят кори ҳамоҳангии лоиҳакашҳо, сохтмончиён ва бонкҳоро ташкил намуда, тавонист сохтмони манзили дастрасро таъмин намояд. Аз ин рӯ дар вилоят суръати ҳам истифодаи субсидия ва ҳам азхудкунии захираҳои қарзӣ баланд аст", - гуфт ӯ.

Соли 2022 сохтмони 50 ҳазор манзил дар доираи барномаи ипотекаи давлатӣ дар назар аст.