Интихоботи норӯшан дар Қирғизистон: Ҷабборов аз истеъфояш гуфт

Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон ба ҳадде печидааст, ки ҳатто президенти ин кишвар аз истеъфои худ гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон изҳор дошт, агар КМИ эълон кунад, ки ҳукумат дар интихоботи парлумонӣ ба онҳо фишор овард, ӯ фавран ба истеъфо меравад

"Агар аъзои КМИ эълон кунад, ки аз ҷониби мақомот фишор оварда шудааст ва ба ин далел тақаллубкорӣ дар шумориши ороъ рух дод, ман фавран истеъфо медиҳам", - гуфтааст Ҷабборов ба сомонаи ARYBA.

Ба гуфтаи Ҷабборов, ҷараёни интихоботро ҳазорон нозир, аз ҷумла нозирони байналмилалӣ назорат карданд ва баҳои баланд доданд.
Дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ оғоз ёфт
Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 28-уми ноябр боргузор шуд ва натиҷаи он ба мисли интихоботи соли 2020 норӯшан асту норизогии зиёди раъйдиҳандагонро ба бор овардааст.
Натиҷаи интихоботи соли 2020 бинобар ошӯбҳои зиёд ва истеъфои Сооронбой Жээнбеков аз ҷониби КМИ лағв шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар интихоботи ахир ҳизбҳои “Ата Мекен”, сотсиал-демократҳо, “Улуттар Биримдиги” ва “озодтик” дар ноком шуданд ва соҳиби курсӣ дар Жогорку Кенеш нагардиданд. Аз ин рӯ ин чаҳор ҳизб бар ин боваранд, ки дар интихобот тақаллубкорӣ сурат гирифт ва натиҷаи он бояд бекор шавад.
Феълан шаш ҳизб ба Жогорку Кенеш роҳ ёфтааст.