ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Аз аввали соли 2021 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар поёни нӯҳ моҳ ҳаҷми муомилот нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 - 26,4% афзоиш ёфтааст.
"Ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар ин муддат беш аз 2,4 миллиард долларро ташкил дод", - омадааст дар хабарномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ, 47,9%-и ҳаҷми умумии гардиши молии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ рост меояд.
Аммо афзоиши гардиши мол танҳо бо ҳафт кишвари иттиҳод мушоҳида мешавад.
Чунончи, савдо бо Туркманистон 2,4 баробар, бо Қазоқистон 31,2 фоиз ва бо Ӯзбекистон кариб 30 фоиз афзуд.
Дар ин давра гардиши мол бо дигар кишварҳои ИДМ манфӣ арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон дар доираи ИДМ Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.
Ҳаҷми гардиши мол бо Русия дар даҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 1 миллиард доллар, бо Қазоқистон беш аз 936,4 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 354 миллион долларро ташкил додааст.
Инчунин бояд гуфт, ки тавозуни савдо бо кишварҳои ИДМ манфӣ буда, воридоти мол нисбат ба нишондиҳандаҳои содирот қариб 5 маротиба зиёдтар буд.
Қаблан Андрей Кутепов, раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия гуфта буд, ки ҳадафи аслии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон ба 2 миллиард доллар расонидани гардиши мол дар як сол аст.