ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Толбон дар фақр ва мушкилоти пайвастаи Афғонистон гнаҳкор аст, гуфт сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ.
Ӯ ҳамзамон бо изҳори сипос аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба афғонистониҳо аз сохторҳои байналмилалӣ хостааст, ки фаъолияташонро идома диҳанд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Дар изҳороте, ки Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи нави Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нашр кардааст, сабаби муҳоҷир шудани ҳазорон афғонистонӣ низ гуфта шудааст.
Ба қавли ӯ, муносибати ваҳшиёна ва сахтгиронаи толибон нисбат ба аҳолӣ сабаби муҳоҷирати ҳазорон оила дар дохил ва хориҷи Афғонистон шудааст.
Бино ба пешбиниҳо, 22.8 миллион сокини Афғонистон мумкин аст, дар замистони пешорӯ бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шаванд ва 97 дарсади мардум то миёнаҳои соли 2022 дар фақр фурӯ равад.
Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар, рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо Панҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангаду талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.
Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи толибон дар солҳои 1996-2001 аст. Ӯ амалан Ҷабҳаи муқовимати миллии дувумро пас аз суқути Кобул дар 15 августи соли равон эълон кард ва раҳбарии онро ба зимма дорад.
Нерӯҳои ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо толибҳо дар ҳоли ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯйи толибон ишғол нашудааст.