Боздошти шаҳрванди Фаронса дар марзи Ӯзбекистон: ӯ Афғонистон мерафт

Аз ҷузвдони ин мард беш аз 20 ҳабби психотропӣ дарёфт ва тафтиши пешакии ҳодиса оғоз шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Марзбонони ӯзбек як шаҳрванди Фаронсаро, ки мехост аз қаламрави вилояти Сурхондарё ғайриқонунӣ вориди Афғонистон шавад, боздошт карданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилоят, ин мард дар шаҳри Тирмиз боздошт шудааст.
Ҳангоми азназаргузаронии ашёи шахсии ӯ 26 дона ҳабби маводи психотропии "трамадол" дарёфт шудааст.

"Аз рӯи далели боздошт тафтиши пешакӣ гузаронида мешавад", - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотӣ.

Бояд гуфт, ки сарҳади Ӯзбекистон ва Афғонистон танҳо барои интиқоли мол боз аст.
Ин дар ҳолест, пештар кормандони бахши интизомии Ӯзбекистон панҷ нафарро, ки талош доштанд, ба Ӯзбекистон маводи мухаддир ворид кунанд, боздошт карда буданд.
Боздошти ду шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон
Қочоқбарон ки чор нафарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон ва якеи дигар шаҳрванди Тоҷикистон буд, талош карданд, аз Тоҷикистону Афғонистон ба Ӯзбекистон беш аз 115 кило ҳашиш, афюн ва ҳероин ворид кунанд.
Онҳоро кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Сурхондарё якҷоя бо Раёсати гумруки вилоят зимни баргузории як амалиёти вижа боздошт намуданд.